Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок ва суханронӣ намуданд
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс Подшоҳи Нидерланд, Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ботсвана, Боливия, Ироқ, Словения, Либерия, Раиси Шурои Босния ва Ҳерсеговина, Тувалу, Намибия, муовинони сарвазирони Барбадос, Куба, Конго, Монтенегро, Эфиопия, Ветнам, ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, аз ҷумла 110 ҳайат бо роҳбарии вазирон, инчунин роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 созмони минтақавию байналмилалӣ бо шумули Президенти Бонки ҷаҳонӣ, иштирок карданд.
Мавриди тазаккур аст, ки Конфронси мазкур ҳамоиши таърихӣ ба шумор меравад, чунки он баъд аз Конфронси якуми СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 1977 дар Аргентина бори дуввум доир мегардад.
Шоистаи тазаккур ва боиси ифтихор аст, ки Конфронси таърихиро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд омода карда, онро мизбонӣ менамоянд.
Қабл аз оғози кори Конфронси оби СММ-2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар иҷрои мутрибони Тоҷикистону Нидерланд таҳти унвони “Об” мусиқии зинда садо дод.
Навори видеоӣ аз якчанд минтақаи дунё оид ба мушкилӣ ва имкониятҳои марбут ба об ва захираҳои об манзури иштирокчиёни Конфронс карда шуд.
10 рамзи марбут ба масъалаҳои об аз ҷониби 10 нафар намояндагони минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ба СММ тақдим ва рӯйи саҳна болои сутунҳои бо ҳам тавассути камарбандҳо пайваст, гузошта шуданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр ба саҳна даъват карда шуданд ва онҳо сутунҳои 5 ва 6-ро ба ҳам пайваст намуданд. Дар болои камарбанд матни кӯтоҳ оид ба аҳамияти об дарҷ гардидааст.
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Нидерланд ҷойҳои худро дар толор ишғол намуда, Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ифтитоҳ кард.
Дабири кулли СММ ба ҳайси раиси муваққатии Конфронси оби СММ роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистону Нидерландро ба ҳайси раисони Конфронс таъйин карда, онҳоро барои ишғоли макони худ ба минбари асосии Маҷмаи Умумии СММ даъват намуданд.
Ҳамраисони Конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ташрифотӣ дар минбари асосии Маҷмаи Умумии СММ ҷойҳои худро ишғол намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Конфронсро расман кушода эълон намуда, дар назди ҳозирин суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни чорабинии сатҳи баландро бо Рӯзи ҷаҳонии об ва ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди “иқтисоди сабз” ва тавлиди “энергияи сабз” андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “нерӯи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад.
Таъкид гардид, ки маҳз ба ин хотир, дар раванди омодагӣ ба Конфронс Тоҷикистон бо Подшоҳии Нидерланд ва шарикон аз Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи асосиро ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди марбут ба об равона намудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла зимни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милал эълон гардид, идома хоҳем бахшид.
Дар ин замина, соли 2025 Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор намояд.
Зимни суханронӣ дар Конфронси об Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияту афзалияти таҳия ва қабули як қатор санаду барномаҳо, аз қабили Стратегияи миллии Тоҷикистон дар соҳаи об ва Барномаи миллии ҳадафнок андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои амалу уҳдадориҳо дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об, бахусус татбиқи “Рӯзномаи амали об” Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи пайгирӣ васеъ истифода карда шавад.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои дастҷамъона ва уҳдадориву амалҳои нави кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи натиҷаҳои он самараи дилхоҳ хоҳанд дод.
Баъди суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Чаба Корошӣ ва Раиси Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ Лучезара Стоеваро барои суханронӣ ба минбар даъват намуданд.
Ҷаласаи пленарии Конфронси об таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, дар кори он як қатор роҳбарони олимақоми давлатҳои аъзои СММ суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Конфронси оби СММ ба Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид, Раиси Шӯрои Босния ва Герсоговина Зелика Свянович, Президенти Ботсвана Масиси Мокгвейтсӣ ва Президенти Словения Наташа Пирс-Мусар сухан доданд.
Ҳамаи баромадкунандагон ба натиҷаи раисии Тоҷикистону Нидерланд дар Конфросни оби СММ-2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 сатҳи баланди тадорукотии чорабинии таърихии оби СММ, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ва ба пешсафии Тоҷикистон дар раванди оби СММ баҳои баланд доданд.
Кори Конфронси оби СММ-2023 то 24 март таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд идома хоҳад кард.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ