Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.
Зимни мусоҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқдомоту талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла дар масъалаҳои тадорукотии баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои асосии пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол таҷлил кардани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, омодагии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, андашеронӣ карданд.
Дар идомаи мусоҳиба таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаҳои қаблӣ исбот карданд, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.
Дар ҷараёни суҳбат хабарнигорони телевизиони Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин оид ба талошҳову ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва таъсири офатҳои табиии вобаста ба обу иқлим ба иқтисоди кишварҳо, самтҳои афзалиятноки фаъолият, инчунин сиёсати хориҷии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Саволи 1. Ҷаноби Олӣ, пеш аз ҳама, Шуморо бо оғози муваффақонаи Конфронси таърихии Созмони Милал оид ба масъалаҳои об, ки кишвари Шумо онро мизбонӣ мекунад, табрик менамоям. Луфтан, мегуфтед, ки ин Конфронс аз кадом ҷиҳат муҳим аст ва он аз дигар ҳамоишҳо дар масъалаҳои об чӣ фарқият дорад?
— Ташаккури зиёд барои табрикатон. Шумо дуруст зикр кардед, ки Конфронси мазкур таърихӣ аст, зеро он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум — баъди қариб 50 сол — ба вуқуъ пайваст. Мо — мизбонони Конфронс дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст.
Барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалии марбут ба об моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро дар ин самт афзоиш диҳем.
Вобаста ба ин, дар раванди омодагӣ ба Конфронс мо таваҷҷуҳи асосиро маҳз ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати роҳандозии иқдомоти нав ва суръатбахшии амалҳои мавҷуда равона намудем.
Рӯзномаи амал дар соҳаи об, ки мо дар Душанбе муаррифӣ кардем, имрӯз амалу уҳдадориҳои зиёдеро фаро мегирад ва бовар дорем, ки зимни Конфронси оби Ню-Йорк ин санад бештар тақвият хоҳад ёфт.
Дар ҳақиқат, моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем.
Аҳаммияти Конфронс низ дар он аст, ки маҳз дар ҳамин фурсати бисёр муносиб доир мегардад ва метавонад таҳаввулоти ҷиддиро дар ин самт ба бор оварад.
Саволи 2. Ташаккури зиёд. Албатта, бисёр хурсандиовар аст, ки Конфронси мазкур тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳаллу фасли масъалаҳои об ба ҳам оварад. Вале муҳим на ҳамоиш, балки натиҷа ва таъсири он барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аст. Шумо иқдомҳои минбаъдаро оид ба таъсиргузору самарабахш шудани Конфронс чӣ гуна мебинед?
— Дарвоқеъ, муҳим натиҷа аст.
Натиҷае, ки хусусан ба кишварҳои осебпазир дар ҳалли мушкилоти об мусоидат намояд.
Боиси қаноатмандист, ки шумораи зиёди уҳдадориҳои ихтиёрӣ, аллакай, ба Рӯзномаи амал дар соҳаи об ворид гардидааст.
Мо бояд механизми самараноки пайгирии татбиқи ин уҳдадориҳоро ба роҳ монем.
Аз нигоҳи мо, дар ин раванд бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода шавад.
Аввалан, натиҷаю паёмҳои Конфронс бояд ба дигар чорабиниҳои калидии вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва умуман ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд.
Дуввум, мавқеи мавзӯи об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бояд тақвият дода шавад.
Ҳамчунин, ба мақсади назорати пайвастаи раванди татбиқи уҳдадориҳо, аз ҷумла Рӯзномаи амали об, зарур аст, ки конфронсҳо ва дигар ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид минбаъд мунтазам сурат гиранд.
Ба ин хотир, мо пешниҳод намудем, ки Конфронси навбатии Созмон оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе дар фарҷоми Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” баргузор гардад.
Илова бар ин зимни татбиқи ин амалу уҳдадориҳо ва умуман Рӯзномаи амал оид ба об мо пешниҳод намудем, ки “Раванди оби Душанбе”, ҳамчун платформаи пайгирӣ васеъ истифода карда шавад.
Саввум, ҷиҳати рафъи мушкилоти марбут ба об барои дастгирӣ аз кишварҳои камтараққӣ ва рӯ ба тараққӣ бояд ҳаҷми сармоя ва маблағгузорӣ афзоиш дода шавад.
Саволи 3. Сипосгузорам. Омодагии Тоҷикистон барои пешбурди масъалаҳои об ва аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои ин Конфронс лоиқи таҳсин аст. Шумо дар суханронии худ дар ифтитоҳи Конфронс иброз намудед, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Луфтан, мегуфтед, ки ҳадафи асосӣ аз ин ташаббусу иқдомҳо чӣ аст ва то чӣ андоза кишвари Шумо аз ин кор манфиат мегирад?
Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод карда буд.
Баъдан, дар ҳамин доира бо ташаббуси кишвари мо соли 2013 “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд.
Вобаста ба татбиқи ин ташаббусҳо шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон борҳо аз чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд мизбонӣ намудааст.
Моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бар асоси ташаббуси навбатии мо қатъномаи дахлдорро дар хусуси эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул кард.
Ҳадафи асосии ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.
Фарогир гардидани ҳадафу вазифаҳои вобаста ба об зимни Ҳадафҳои рушди устувор дар баробари Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҷой ёфтани масъалаҳои об дар рӯзномаи мавзӯъҳои иқлим, гуногунии биологӣ, озуқа, энергетика ва дигар бахшҳо натиҷаи ҳамин талошҳо ва чораҳои андешидашуда мебошанд.
Тоҷикистон ба сифати кишвари манбаи обҳои минтақавӣ, ҳамзамон ҷонибдори истифодаи сарфакаронаву оқилонаи об дар минтақа ва берун аз он аст.
Бинобар ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ҳамаи ташаббусҳои мо ва ба ҳайси яке аз кишварҳои пешсаф дар баррасии масъалаҳои глобалии об эътироф шудани Тоҷикистон ин худ дастоварди бузургест.
Мо чунин мешуморем, ки бо ин ибтикорот барои сарфакорона ва одилона истифода бурдани захираҳои об дар сатҳи глобалӣ саҳмгузор шудем.
Мо ба мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа доир ба истифодаи об дар сатҳи миллӣ низ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем.
Саволи 4. Шумо дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфтед. Дар ҳақиқат, ин мавзӯъ бисёр муҳим аст. Лутфан, бигӯед, ки аз нигоҳи Шумо ин ташаббус то чӣ андоза ба ҳифзи пиряхҳо таъсир гузошта метавонад?
Пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёраи мо ҳастанд.
Мутаассифона, миқдори онҳо зери таъсири тағйирёбии иқлим сол то сол кам шуда истодааст.
Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд.
Обшавии босуръати пиряхҳо дар дигар қитъаҳои олам, аз ҷумла дар Арктика ва Антарктида низ ба мушоҳида мерасад.
Аз тарафи дигар, шумораи аҳолӣ сол то сол зиёд шуда, талабот ба об низ босуръат меафзояд.
Бо дарназардошти ин ҳолат, нишондиҳандаи таъмини об ба сари ҳар нафари аҳолӣ низ сол ба сол камтар мегардад.
Дар панҷ даҳсолаи охир ин нишондиҳанда, аллакай, дувуним баробар коҳиш ёфтааст ва тамоюли мазкур ҳоло ҳам идома дорад.
Обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешем.
Ҳадафи асосии ташаббуси мо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳиммияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад.
Эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи василаҳои муҳим ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд.
Саволи 5. Бармегардем ба ҳадафу натиҷаҳои Конфронси имрӯза. Корҳои зиёде барои муваффақу самарабахш гардонидани он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун мизбонони ин ҳамоиши муҳимми ҷаҳонӣ анҷом шуданд. Кишвари Шумо аз ин раванд чӣ омӯхт ва аз натиҷаҳои он чӣ бардоште хоҳад дошт?
Албатта, ин боиси ифтихор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо иҷрои ин нақши муҳимро вогузор кардааст.
Аз тарафи дигар, ин масъулияти бузургест, ки мо онро ба хубӣ дарк кардаем.
Ҳамин аст, ки мо якҷоя бо Подшоҳии Нидерланд, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон талош намудем, то ин Конфронс воқеан ҳам муваффақ ва аз лиҳози натиҷаҳояш таърихӣ гардад.
Таҷрибаи асосие, ки дар ин раванд мо гирифтем, тарзи дуруст ва ҳадафмандонаи баррасии мавзӯи об мебошад, ки дар ниҳоят бо ташаббуси Тоҷикистону Нидерланд, ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро дар як муколамаи созанда ба ҳам овард.
Ҷанбаи муҳимми дигаре, ки мехостам зикр намоям, он аст, ки барои расидан ба самараи дилхоҳ, пеш аз ҳама, муттаҳидсозии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар татбиқи амалҳои муштарак зарур мебошад.
Саволи 6. Муваффақ бошед! Ва саволи охирин – Шумо воқеан яке аз пешвоёни ҷаҳонӣ ҳастед, ки масъалаи обро пайваста пайгирӣ мекунед. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти равандҳои имрӯза атрофи масъалаҳои об чӣ паёме ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доред?
Солҳои охир мо шоҳиди хушксоливу обхезиҳои бесобиқа будем, ки бо миқёси бузург ва фарогирии ҷуғрофии ғайричашмдошти худ боиси нигаронии амиқи ҳамагон гардиданд.
Вазъият хеле нигаронкунада аст ва онро бояд ҷиддӣ гирифт.
Мутаассифона, иқдому амалҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд.
Ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳалҳои онҳо мебошад.
Дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад. Ин мушкилот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми дунё мушоҳида мегардад.
Дар баъзе кишварҳо мардум аз норасоии об барои нӯшокӣ, полезӣ, беҳдошт ва дигар бахшҳо танқисӣ доранд.
Аз тарафи дигар, офатҳои зиёди табиӣ, мисли хушксолӣ, селу обхезиҳо ва тармафароӣ ба иқтисод ва ҳаёти мардум хисороти зиёде меоваранд.
Барои ҳамин, ман фикр мекунам, ки дар ҳамаи ин масъалаҳо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавию глобалӣ бояд механизмҳои боэътимоди муосир барои таъмини об ва мудирияти самараноки масъалаҳои марбут ба он таҳия ва роҳандозӣ карда шаванд.
Чунки дар сурати нодида гирифтани мушкилоти ҷойдошта, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар ҳама кишварҳо ғайриимкон мегардад.
Кӯшишҳои мо дар соҳаи об собит намуданд, ки об метавонад ба сифати омили пайвандгар дар муносибатҳои давлатҳо нақши муассир бозад.
Дар зимн, Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати табодули таҷрибаи дар ин соҳа андӯхтааш бо ҳамаи шарикон изҳор менамояд.
Дар ин замина Конфронси мазкур фурсати муносибе фароҳам овардааст.
Итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин фурсату имконият дуруст истифода хоҳад кард.
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон (Студияи SDG):
— Захираҳои об дар зери таъсири амиқи тағйирёбии иқлим, шаҳрнишинӣ, афзоиши аҳолӣ, саноатикунонӣ ва ғайра қарор дорад;
— Арзёбиҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз баъзе пешравиҳо, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи шашум ва дигар ҳадафҳои марбут ба об бояд моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро ба маротиб афзоиш диҳем;
— Вақти он расидааст, ки дар низоми Созмони Милали Муттаҳид як воҳиди махсус оид ба об таъсис дода шуда, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об таъин карда шавад;
— Зарур аст, ки барои баррасӣ ва таҳлили амалҳо ва ӯҳдадориҳои вобаста ба об ҷаласаҳои мунтазам, шояд ҳар ду-се сол як маротиба баргузор карда шавад;
— Бо дарназардошти алоқамандии зичи об бо дигар ҳадафҳои рушди устувор, об бояд дар дигар рӯзномаҳои ҷаҳонӣ ва ҷамъомадҳои сатҳи баланд ҳамгиро карда шавад.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ