МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ
ш.Душанбе. 27.03.2023. Маросими ҷоизасупории даври шаҳрии Фестивали «Таомҳои миллӣ» дар толори МИҲД-и ш.Душанбе баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш муовинони раиси шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва иштирокчиёни фаъол ширкат карданд.
Мақсади фестивал дар муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари хӯрокпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳанги халқи тоҷик маънидод гардид.
Тавре гуфта шуд “Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус дар бахши омодасозии хӯрокҳои миллӣ бонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланди кадбонуӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷикон, бахусус Наврӯзи бостониро бидуни таомҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони тоҷик тасаввур кардан номумкин аст.
Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд.”
Ҳамин тавр аъзои ҳакамон ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи аввалро сазовор донистанд. Ҷойи дуюм насиби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино гардид. Мақоми сеюмро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соҳиб шуданд. Ҳамчунин барои сахмгузори ва иштироки фаъолона дар фестивали мазкур намояндагони муассисаҳои хуроки умум бо «Сипоснома»-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Мукофотҳоро ба ғолибони Фестивал муовинони Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Абдураҳмон Абдураҳмонзода тақдим намуданд.
Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафта, имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд. Ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ