Маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13
Бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиш ва китобхонӣ пайваста дар таълимгоҳхои шаҳр чорабиниҳои маърифатӣ ташкил мегардад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш маҳифлии навбатии адабӣ доир гашт.
Дар маҳфил хонандагони муассиса аз эҷодиёт ва ашъри ин шоири тавоно шеърҳо қироат намуданд. Зимни маҳфил хонандагон изҳор доштанд, ки Озарахш 13-уми августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1980 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши рӯзноманигорӣ) шомил шуда, пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1986-1989 муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, солҳои 1992-2002 дар вазифаи муҳаррири телевизиони вилоят фаъолият бурдааст.
Гуфта шуд, ки Озарахш аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, муаллифи асарҳои «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Чархболи Офтоб», «Девони ишқ», «Ояндаҳо» аст, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд интишор шудаанд. Зиёда аз 10 намоишномаи Озарахш дар саҳнаи театрҳои кишвар (бахусус, Театри тамошобини наврас) пешниҳоди ҳаводорони санъати театрӣ гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Нақши Рӯдакӣ» аз ин шуморанд.
Намунаҳои ашъори Толиб Карими Озарахш ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ӯзбекӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Озарахш бо Ҷоизаи ба номи Камолӣ Хуҷандӣ (барои филми «Ифтихор»), Ҷоизаи байналмилалии Имом Хумайнӣ, Ҷоизаи «Боргоҳи сухан» ва Медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Ташкили чунин маҳифилҳо барои муарифии бештари хонандагон бо осори шоирон ва шинохти онҳо замина мегузорад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ