image

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА”

date_range29.03.2023, 09:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye246
28 март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо - «Сайри гули лола» барпо гардид.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2023 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи панҷ номинатсия 112550 (як саду дувоздаҳ ҳазору панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намудааст.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супориданд. Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳама оминатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» - Боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ҷойи 1-ум, ҷои 2-юм Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо» (Боғи устод Рўдакӣ) ва зинаи 3-юм насиби Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» гардид.

Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» - Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) зинаи аввал, Гулгашти хиёбони И.Сомонӣ, ноҳияи Сино зинаи дуюм ва Гулгашти назди муҷассамаи С.Айнӣ зинаи сеюмро соҳиб гардиданд.

Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» - кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) мавқеи аввал, Хиёбони Рўдакӣ (н. И.Сомонӣ) ҷойи 2-юм, Хиёбони Исмоили Сомонӣ, н.Сино зинаи сеюмро касб карданд.

Номинатсияи Композитсияи беҳтарин Мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ зинаи якум, Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» зинаи дуюм ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ» зинаи сеюмро ишғол намуданд.

«Гулпарвари беҳтарин» - Гулпарвари Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Зоирова Фирӯза Муҳиддиновна дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба Гулпарвари Муассисаи давлатии истифодабари роҳҳои ноҳияи Сино Амирова Гулдаста Миронбеговна дода шуд. Гулпарвари Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» Ҳасанов Наврӯзҷон Маҳмадшарифович бошад сазовори зинаи 3-юм шуд.

Қобили тазаккур аст, ки тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» ҳам бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкур бо баргузории барномаи бо шукӯҳи фарҳангӣ анҷом ёфт.