Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ
Даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёни ин даргоҳ баргузор шуд. Дар озмун донишҷӯён бо омодагии ҳамаҷониба ширкат намуданд.
Дар даври донишгоҳии озмун аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ ҳудуди 200 нафар ширкат варзиданд, ки ҳайати ҳакамон ба маҳорати онҳо баҳогузорӣ намуданд. Гуфтан ба маврид аст, масъулини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани даври донишгоҳии озмун чораву тадбирҳои судмандро амалӣ намудаанд то донишҷӯёни донишгоҳ дар дигар даврҳо ширкат варзанд.
Ин даври озмунро масъулини донишгоҳ, адабиётшиносон ва намояндагони сохторҳои марбута доварӣ намуданд. Ширкатдорон аксаран бо омодагии ҳамаҷониба ба озмун омада буданд. Зеро қисме аз онҳо таҷрибаи иштирок дар солҳои гузаштаро низ доро мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2023 ба низомномаи озмуни мазкур баъзе тағиру иловаҳо низ ворид гардидааст.
Бояд гуфт, ки ба роҳ мондани Озмуни мазкур дар самти ҷалб намудани аҳолии кишвар, хусусан донишҷӯён ба китобу китобхонӣ ва сайқал бахшидани донишу маҳорати онҳо заминаи мусоидро фароҳам намудааст.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ