Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ доир ба ҳисоби муҳосибӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
“Масъалаҳои мубрами баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир”, таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии чумҳуриявӣ доир гардид, ки дар кори он меҳмонон аз як қатор донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷамъомад зикр шуд, ки рушди муносибатҳои бозорӣ ба иқтисодиёти ҶТ дигаргуниҳои куллӣ ворид намуд. Шароити нави хоҷагидорӣ назари навро ба муносибатҳои иқтисодӣ талаб менамояд. Ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат бошад тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагидориро фаро гирифт ва ба низоми баҳисобгирии муҳосибӣ низ дахл намуд. Самти муҳими ин ислоҳот тадбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳимияти масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт таъкид менамоянд. Дар Паёмашон соли 2021 низ Пешвои миллат чун солхои қабли зикр намуданд, ки “Бо дарназардошти равандҳои муосир, мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем”.
Зимнан дар кишвар Консепсияи иқтисоди рақамӣ қабул гардидааст, ки ҳадафҳои асосии он фароҳам овардани шароити мусоидаткунанда барои дигаргуншавии соҳаҳои фаъолияти инсон таҳти таъсири технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла рушди ҷомеаи иттилоотӣ, гузариш ба расонидани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ ва ҳукумати рақамӣ, ҳамаҷониба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ ва дар натиҷа тезонидани суръати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ иборат мебошанд.
Таъкид рафт, ки ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ дахл намудааст ва равандҳои баҳисобгирии муҳосибӣ низ аз ин роҳ дар канор намондаанд. Ҳоло баъзе субъектҳои хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи молиявии худро дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тартиб дода, инчунин барои осон кардани пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ аз дастам барномаҳои компютерии муҳосибӣ истифода мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади равшанӣ андохтан ба вазъи муосир ва дурнамои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир Донишгоҳ тасмим гирифт конфронси мазкурро бо иштироки мутахассисони соҳа баргузор намояд.
Қиёмиддин Ҳамидов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ