image

Маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм"

date_range30.03.2023, 10:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye232

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади амалисозии тадбирҳои вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифи истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд тадбирҳои заруриро амалӣ кардаистодааст.

Дар ин доира Маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгорон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд. Гуфта шуд, ки озмуни мазкур дар партави эълон гардидани 20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ҷараён дорад.

Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардида, ба даври навбатии озмун роҳхат меёбанд. Ҳамчунин барои иштирокчиён дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷиҳати шомил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ имтиёзҳо дода мешавад.

Ҳамин тавр озмун дар се синфхонаи Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Бояд гуфт, ки озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» миёни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида мешавад. Озмун аз рӯи 7 наминатсия-Барномасозӣ, меъморӣ, моделсозӣ, радиоэлектроника, робототехника, сайёҳӣ-кишваршиносӣ ва табиатшиносӣ роҳандозӣ гардид. Озмун бо тартиби санҷиши донишҳои назариявӣ; кори санҷишӣ ва корҳои амалӣ аз руйи номинатсияҳо роҳандозӣ мегардад. Лозим ба таъкид аст, ки озмун ду рӯз давом карда, ғолибон ба даврии шаҳрии озмун роҳхат мегиранд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"