Баргузории Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар ноҳияи Фирдавсӣ
Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ташкил гардидааст. Мақсади ин тадбири зеҳниву эҷодӣ ҳавасмангардонии хонандагон, азхудкунии фанҳои дақиқ, сайқал додани заковат, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо арзёбӣ гардидааст.
Ҷойи таъкид аст, ки озмуни мавриди назар аз рӯйи 7 номина ҷараён дорад. Имсол даври ноҳиявии озмун дар н.Фирдавсӣ дар МТМУ №28 баргузор шуд. Намояндагони сохтору мақомоти марбута дар маросими оғози озмун иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъди маросими оғози чорабинӣ дар синфхонаҳо корҳои амалӣ санҷишӣ оғоз шуд. Дар раванди баргузории даври ноҳиявии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» муовини раиси ш.Душанбе Дилбар Одилзода ва намояндагони сохтору мақомоти ноҳиявӣ иштирок намуда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани озмун ва ба даври шаҳри роҳхат гирифтани беҳтаринҳо тавсияҳои судманд доданд.
Муаррифии лоиҳаи эҷодии иштирокчиён, идеяи пешниҳоди лоиҳа, муҳтавои лоиҳа, дизайн, ороиш ва тарзи пешниҳод, риояи ва истифодаи технологияҳо ва зарурияти истифода дар амал аз ҷумлаи унсурҳои баҳогузорӣ ба маҳорати довталабони озмун дар ин номинаҳои он буд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ