image

Мулоқот доир ба пешгирии ифротгароӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range02.04.2023, 12:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye306

Ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар асоси нақша чорабиниҳои таҳррезигардида корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонону наврасон пайваста ба роҳ мемонад.

Ин навбат вохӯрии намояндагони сохторҳои ноҳияи Шоҳмансур ва коршиносони соҳа бо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Ба гуфтаи масъулин таи солҳои охир каме ҳам бошад сатҳи ҷинояткорӣ миёни насли наврасу ҷавон паст гаштааст.

Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"