image

Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ доир ба пешгирии коррупсия мулоқот доир шуд

date_range02.04.2023, 13:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye239

Дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вохӯрии масъулину кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҶТ дар шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни ин даргоҳ таҳти унвони «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб» доир гардид.

Тайи чанд мудат мешавад, ки масъулину кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе байни кормандони кумитаву сохторҳои давлатӣ, Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва муассисаҳои таълимии пойтахт мулоқоту воҳӯриҳои судмандро ба роҳ мондаанд. Вохӯрии кормандони ин ниҳоди давлатӣ ин навбат бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои мусоидаткунанда дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар байни масъулину кормандони ин ниҳод мавриди барраси қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки Коррупсия кирдорест, ки аз ҷониби шахсони барои иҷрои вазифахои давлатӣ ваколатдор, ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонуни ба даст овардани неъматҳои моддию ғайри моддӣ бартари ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунини ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субеъктҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.

Дар идома аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахуст доир ба дастовардҳои солҳои охири кишвар андешаронӣ сурат гирифта, аз устодон даъват ба амал оварданд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар коллеҷ саҳми назарраси хешро гузоранд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"