image

Оғози курси омӯзишии «Зан-сарвар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range04.04.2023, 09:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye311

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то ин вақт курси омӯзишиву маърифатӣ зери унвони «Сарварони сиёсӣ» амал мекард. Дар он роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва ходимони давлативу ҷамъиятӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Дар пайравӣ бо сиёсати роҳбарияти олии мамлакат доир ба дастгирии занон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти роҳбарӣ дар донишгоҳ ин навбат тадбири омӯзишии «Зан-сарвар» ташкил шуд. Минбаъд барои донишҷӯхтарони фаъоли факултетҳои донишгоҳ бо ҷалби олимону коршиносони варзида ҳар ҳафта курси омӯзишӣ созмон дода мешавад.

Дар раванди оғози курси «Зан-сарвар» ректори ДМТ ширкат намуда, доир ба ҳадаф ва моҳияти ин тадбири омӯзишӣ андешаҳои худро баён дошт. Зикр рафт, ки занон ва фаъолияти онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати Ҳукумати ҶТ, хоса Перезиденти мамлакат муҳтарам Эомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо пайваста дастгирӣ меёбанд. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ масъулини донишгоҳ чунин тадбирҳоро роҳандозӣ намудаанд. Ширкатдорони курси омӯзишӣ аз он умедвории зиёд доранд.

Ҳадаф аз ташкили курси «Зан-сарвар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштирокчи ҷавондухтарон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ арзёбӣ мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин курси омӯзишӣ донишҷӯёни фаъолу бомаҳорат аз ҳамаи факулелтҳои донишгоҳ ҷалб шудаанд.

Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"