Оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!»
Вобаста ба ташкил ва гузаронидани Фествали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки ҳамасола аз таърихи 2-юм то 9-уми апрел бо дастури Вазорати фарҳанги ҶТ баргузор карда мешавад бо иштироки намоянда аз Вазорати фарҳанг, вазорати маориф ва илм, муассисаҳои фарҳангӣ, кормандони китобхонаи мазкур, доираи васеъи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, адибон ва волидон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар чорабинии фарҳангӣ доир шуд. Баргузории ин чорабинӣ оғозбахши фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон гардид.
Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур пеш аз ҳама тарғиби илму донишандӯзӣ, рӯй овардани наврасон ба хондани осори аҳли қалам, рушд бахшидани ҷаҳонбинӣ ва дигар амалҳои шоиста дониста мешуд.
Бешак Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Точикистон» аҳамияти баланди фарҳангию тарбиявӣ дошта наврасонро ба роҳи омӯзишу аз худкунии осор, ахлокӣ ҳамида доштан, пайваста иширок намудан дар озмун ва чорабиниҳо ва чун фардҳои намуна ва писандида ба камол расидан ҳидоят менамояд. Дар чорабинӣ хонандагон вобаста ба аҳамияти китоб, хонишу дониш, саҳми адибон дар эҷоди осор барои кӯдакону наврасон баромад намуда, дар васфи Ватан шеъру тарон ва сурдҳои дилнишин хонданд, ки писанди дили наврасон гардид.
Дар доираи баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар китобхонаи бачагона инчунин намоиши китобии «Аниси кунҷи танҳои китоб аст», дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, лаҳзаҳо аз баргузории фестивал, порчаҳо аз намоишномаи театри ҷумҳуриявии «Лӯхтак» гузаронида шуд, ки иштирокдорон аз он дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки фесивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон бо унвони «Тараннумгари сухан» то 9 -уми парели соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома хоҳад кард ва санаи 15-уми апрер дар Консерваторияи миллии Точикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷамбаст ва натиҷаҳоҳои он эълон хоҳад шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ