image

Намоиши корҳои эҷодӣ таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

date_range03.04.2023, 15:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye210

Дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба рӯзи байналмилаии Наврӯз намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён таҳти унвони "Аз Наврӯз то Наврӯз" баргузор гардид, ки дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати донишкада, омӯзгорону донишҷӯён ва дӯсторони ин навъи санъат иштирок доштанд.

Дар намоиши мазкур мусаввараҳои эҷоднамудаи донишҷӯёни фаъоли донишкадаро, ки дар ихтисосҳои манзаранависии дастгоҳӣ, ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, маҳсулоти бадеӣ аз металл, коркардии бадеии чӯб, графикаи дастгоҳӣ, дизайни дохили бино, меъмории манзаравӣ, дизайни реклама, дизайни костюм ва дизайни маҳсулоти бофандигӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Осори ба намоиш гузошташуда дар жанри манзараниторӣ, чеҳранигорӣ мусаввараҳои мавзӯи натюрморт, ҳайкалтарошӣ, кундалнигорӣ, наққоши кандакорӣ, заргарӣ тасвир шуда, инчунин амсилаҳои дизайнерон қарор доштанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар донишкада имтиҳонҳои фанҳои тахассусӣ аз ҷониби комиссияи доимиамалкунандаи донишкадавӣ ба тарзи дидабароӣ кабул карда шуда, корҳои беҳтарин бо тавсияи раиси комиссия фонди ба методии донишкада интихоб мегарганд.

Бо ҳамин тарз фонди методии донишкада аз соли 2013 то кунун корҳои ниҳоят зиёдеро ҷамъоварӣ намуда, аз онҳо беҳтаринашонро ба намоиш гузоштанд.

Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо ба донишҷӯёни донишкада рассомони шинохтаи ҷумҳурӣ, Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорон, дотсентон ва дизайнерон дарс мегӯянд. Дар охири намоиш баҳри болидарӯҳии ҳозирин консерт баргузор гардид.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"