image

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо баргузор мешавад

date_range04.04.2023, 09:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye284

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Тоҷикистон таҳти унвони «Оинаи таърих» Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо гузаронида мешавад. Чунин иқдомҳо дар пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ — маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхонаҳо ҳамчун макони таълимӣ — маърифатии муосир мебошад.

Аз моҳи апрел то майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Тоҷикистон таҳти унвони «Оинаи таърих» Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо дар се давр ва аз рӯйи ду бахш- «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Беҳтарин хона-музей» гузаронида мешавад. Даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, осорхонаҳои намунавӣ ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм аз ҳар минтақаи мамлакат бо назардошти нобаробарии шумораи шаҳру ноҳияҳо теъдоди зерини осорхонаҳо пешниҳод мешавад:

— Вилояти Суғд – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 3 хона-музей;

— Вилояти Хатлон – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ;

— Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 2 хона-музей;

— Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 3 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ.

Дар маҷмӯъ, 10 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-музей ба даври сеюм роҳхат мегирад.

Даври сеюм ва маросими супоридани мукофотҳо дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо барномаи рангини фарҳангӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур- ин баланд бардоштани мақоми осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳа ва мусоидат намудан дар ободонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 1977 ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин сана ҳамоиш ва ташкили тамошои ройгони осорхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.