image

Таҷлили «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ

date_range04.04.2023, 13:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Дар чорабинии навбатӣ, ки дар толори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва ҳайёт ва фаъолияти шоира халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ доир гардида буд адибон, олимон, коршиносони соҳа, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи толори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва дӯстдорони китоб ҷамъ омада буданд.

Зимни баромади иштирокчиён қайд карда шуд, ки адабиёти кӯдакон аз ҷанбаҳои муҳимтаринест, ки ба инсон кӯмак намуда, таълим медиҳад ва ҷаҳонбинии наврасонро васеътар мекунад.

Мақсади Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» ҷалби насли наврас бва мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳангии иттиллоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Дар фестивали мазкур хонандагони Муассисаҳои таълимии пойтахт барномаи омоданамудаи хешро ки саршор аз шеъру суруд дар васфи китоб ва санаҳои тарбиявӣ буд манзури тамошобинон намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"