image

Маҳфили илмию адабӣ дар доираи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар МТМУ №6

date_range04.04.2023, 15:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye231

Аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ, китоб аст!» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар ин доира дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ аз ҷониби устодону омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ маҳфили илмию адабӣ роҳандозӣ шуд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни «Тараннумгари Ватан» (шеър, достон ва оҳангҳо дар васфи Ватан), Озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи «Ватан- биҳишти бебаҳост», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон» ва «Ҳанарманд ҳарҷо бувад сарфароз» гузаронида мешавад. Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҷараёни маҳфили адабӣ аз худ фаъолнокӣ нишон дода, аз эҷодиёти адибони бачагона низ шеърҳо қироат намуданд. Фестивали имсола ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин таълифи китобҳои тозанашре, ки солҳои 2021 — 2022 интишор ёфтаанд, бахшида шудааст.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"