Мулоқоти муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо намояндагони хориҷӣ
Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагон аз шуъбаи Авруосиёгии Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машварат муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, Дабири кулли шуъбаи Авруосиёгии Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» Расих Сагитов ва кормандони зерсохтори мақомот ширкат намуданд.
Аснои баргузории машварат оид ба муҳимият ва тақвияти ҳамкориҳо миёни шаҳри Душанбе ва Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» таъкид рафта гуфта шуд, ки Ташкилот баҳри боз ҳам рушд ёфтани муносибати дуҷонибаи шаҳрҳои мухталиф шароити созгор фароҳам меорад.
Зимни баромад Дабири кулли шуъбаи Авруосиёгии Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» Расих Сагитов изҳор намуд, ки шаҳри Душанбе аз соли 2006 инҷониб аъзои Ташкилоти мазкур мебошад ва дар ин муддат корҳои муайяне аз қабили равнақ бахшидани миёни кишварҳои мухталифи тамоми ҷаҳон, бахусус дар самти иқтисодиёт, рушди техникаву техгнология ва соҳаи гумонатирарӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории машаварти мазкур ин татбиқи Барномаи рушди ҳазорсола аз қабили пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилиҳо дар самти тандурустӣ, маориф, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни машварат иштирокчиён роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани мавзуҳои баррасишавандаи барномаи рушди ҳазорсоларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки феълан Ташкилоти умумиҷаҳонии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ» 240 ҳазор шаҳрҳои мамлакатҳои сайёраи рӯйи заминро муттаҳид месозад, ки ҳадафи асосии он боз ҳам беҳтар кардани вазъи хизматрасониҳо дар шаҳрҳо мебошад. Айни ҳол аз ҷониби ин ниҳод ба хотири беҳтар шудани вазъи шаҳрҳо лоиҳаҳои зиёд амалӣ гаштаанд.
Дар охири чорабинӣ ба якқатор аз иштирокчиёни машварат сертифат тақдим гардид.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ