Машварати омӯзишӣ вобаста ба эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар боғчаи №65
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №65-и ноҳияи Фирдавсӣ машварати мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Фирдавсӣ ташкил гардид.
Тадбири маърифативу омӯзишӣ зери унвони «Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем» дар доираи пуштибонии ҳамаҷониба аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон вобаста ба обу иқлим созмон дода шуд. Ин ҳамоиш аз ҷониби масъулин барои боло бурдани огоҳии бештари кормандони соҳа оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва нақши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти башар ташкил шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва экалогия буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани иқдомҳои ҷониби Точикистон бо сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели ин гуфтаҳост.
Зимни баромади ширкатдорони машварат зикр шуд, ки ҳадафи ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии экологӣ, дигаршаврии зудмаҳали иқлим ва беҳбудбахшии раванди ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ бахусус обшавии пиряхҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Зимнан аз ҷониби маърӯзачиёни машварати омӯзишӣ дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №65 маълумоти судманд доир ба ин самт пешниҳоди ширкатдорон гардонида шуд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ