image

Раванди озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт

date_range05.04.2023, 15:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye263

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмунро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон намуда буд.

Дар муассисаи давлатии Маркази технологияи иттиллоотӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе озмун барои дарёфти гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ин навбат дар озмун аз тамоми мактабҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои гирандаи стипендия иштирок намуданд. Довталабони стипендия хонандагоне бояд бошанд, ки рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон дошта бошанд, бо баҳои хубу аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамбасти баҳоҳо дар як соли охир, дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат намудаанд.

Баргузории озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият ки аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иборат аст, таъсис ёфта, раванди он назорат ҳамаҷониба назорат карда мешавад. Озмун дар 1 синфхона бо иштироки 100 нафар гузаронида мешавад, то ки шаффофияти он риоя гардад. Стипендияҳои амалкунанда барои баланд бардоштани савияи дониш ва ҳавасмандгардонии хонандагон мусоидати фаъол мекунад. Ҳамин аст, ки оғоз аз соли 2017 дар пойтахт бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе стипендияи раиси шаҳр ташкил шудааст, ки ҳамасола гирандагони он тавассути чунин озмунҳо муайян карда мешаванд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"