image

Маросими қадрдонии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар пойтахт

date_range06.04.2023, 10:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye327

Маросими қадрдонии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сарраёсати маорифи пойтахт, роҳбарияту кормандони Маркази кудакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва ғолибони даври шаҳрии озмун иштирок доштанд. Тавре гуфта шуд, озмуни мазкур тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ғолибони даври шаҳрӣ бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯи чор номинатсия
- қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳнома»;
- дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида, луғатдонӣ;
- тасвири расми беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома»;
- намоиши саҳнача аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома» роҳандозӣ гардид, ки беҳтаринҳо интихоб ва ба даври ҷумҳурияви роҳхат ёфтанд.

Лозим ба таъкид аст, ки Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ дарёфти чеҳраҳои нави суанвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳи худшиносӣ такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Шоҳнома -ҳамосаи миллии мардумони Ориëӣ мебошад, ки Ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Он аз 60 ҳазор байт иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон аст, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"