Дар рӯзи сеюми Озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе аз рӯйи ҳашт фанни таълимӣ имтиҳон супориданд
Дар рӯзи сеюми озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва литсейю гимназияҳои ҳудуди ноҳияи Сино аз рӯйи ҳашт фанни таълимӣ имтиҳон супориданд.
Озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон гардида буд, инак дар марҳалаи даври шаҳрӣ ҷараён дорад. Стипендияи мазкур дар асоси Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмоалӣ ташкил шудааст. Мақсади баргузор намудани озмун дарёфти хонандагону донишҷӯёне мебошад, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил доранду рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи қарори марбута аз ҳисоби кормандони Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар сохторҳои марбутаи пойтахт комисияи ваколатдор таъсис дода шудааст, ки онро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода роҳбарӣ мекунад.
Санҷишҳо барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои итилоотӣ ва барномаи тестии электронӣ гузаронида шуда, раванди он аз ҷониби ҳайати коммисия ва довталабону волидайни онҳо тавассути дастгоҳу камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Ба хонандагону донишҷӯёне, ки аз озмун мегузаранд дар давоми 9 моҳи таҳсил, стипендия Раиси шаҳри Душанбе дода мешавад. Маблағи моҳона барои 1 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ 300 сомоннӣ ва барои донишҷӯён бошад 400 сомониро ташкил медиҳад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ