Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе
Дар бинои Прокуратураи шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Зимни ҷаласа мавзӯи вазъи содиршавии ҷиноятҳои ифротиву террористӣ дар байни ҷавонон ва наврасон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар давраи солҳои 2020-2022 мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа, Прокурори шаҳри Душанбе, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи вазъи содиршавии ҷиноятҳои ифротиву террористӣ дар байни ҷавонон ва наврасон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар давраи солҳои 2020-2022 мавриди муҳокирамонӣ қарор дода шуда, ҳамзамон дар он муовинони Раисони ноҳияҳои пойтахт, муовинони Ректорони муассисасаҳои олии таълимии пойтахт ва дигар зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷаласа зикр рафт, ки таҷриба нишон медиҳад, ки қувваҳои тахрибкори хориҷӣ баҳри расидан ба мақсадҳои нопокӣ худ дар мадди аввал аз нерӯи ҷавонон маҳаллӣ истифода мебаранд, зеро онҳо аз лиҳози руҳию равонӣ ҳанӯз ташаккул наёфтаанд ва афкори сиёсию иҷтимоии онҳо дар марҳалаи инкишоф қарор дорад. Ҳаминтавр ин масъала ҳамаҷониба баррасӣ гардида, барои пешгирии он таклифу пешниҳоди судмад ба миён гузошта шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ