image

Мулоқоти намояндагони МИҲД ноҳияи Шоҳмансур дар МТМУ №102

date_range07.04.2023, 11:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye263

Дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳияи мазкур бобати ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас, одоби шаҳрнишинӣ ва амали гардонии қонуну қарорҳои амалкунанда бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо идома дорад. Чунин як вохурӣ ин навбат дар МТМУ №102 баргузор гардид.

Тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ аз мавзуҳое буданд, ки дар мулоқоти навбатии намояндагони сохторҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки бо сокинони маҳаллаҳои Бадахшон 1, Бадахшон 2, ва Дӯстии халқҳо доир гардид, баррасӣ шуданд.

Дар рафти мулоқот баҳри пешрафти ҷомеа, алалхусус тарбияи дурусти фарзанд, тарзи ҳаёти солим, ободию тозагии гирду атроф, пешгирӣ аз гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалӣ гардонидани қонунҳои дохилишаҳриву ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳои замони истиқлол андешаҳои масъулин пешниҳод гардиданд.

Дар идома аз иштирокдорон даъават шуд, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат таълиму тарбияи насли наврасро чӣ дар муҳити хона ва чӣ дар мактаб тезонида бо ин роҳ дар ҳалли мушкилоти кадрҳои кордону ботаҷриба ҳиссаи арзанда гузоранд. Дар идомаи чорабинӣ доир ба масъалаҳои риояи одоби шаҳрнишинӣ пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, терроризму ифротгароӣ ва баланд бардоштани риояи ҳуқуқи сокинони пойтахт низ сухан рафт.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ифродгароӣ – экстремизм ва тундгароӣ- радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷояги мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъҳои бардавом, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд. Вобаста ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"