image

Ифтитоҳи намоиши асарҳои рассомӣ зери унвони «Эҳё» дар Осорхонаи миллӣ

date_range07.04.2023, 13:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye301

Дар Муассисаи Давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Эҳё» намоиши асарҳои рассомӣ ифтитоҳ гардид.

Дар намоиши «Эҳё» аз хазинаи Осорхонаи миллӣ ба миқдори 30 адад асар аз эҷодиёти рассомони машҳур ба монанди Хошмуҳаммедов, Ашуров, Ҳайдаров, Камелин, Аветов, Сидоренко, Кушнер, Пономарёв, Зубреева, Бровидовский, Алексеев ва дигарон ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, мавзӯҳои муҳофизати Ватан, сулҳ, об, ҳунармандӣ, ободонӣ, хоҷагидорӣ ва амсоли инҳо инъикос ёфтаанд, ки шоистаи дидан мебошанд. Асарҳои рассомӣ бо номҳои «Роҳи Сталинобод-Хоруғ», «Темурмалик», Ба хотири сулҳ, Об рафт, Хабари мукофот, Дар ҷабҳаи меҳнат, Бозор, Бинои асосии канал ва ғайраҳо офарида шудаанд. Намоиши мазкур барои устодону донишҷуёни муассисаҳои рассомии кишвар имкон фароҳам меорад, то аз ин офаридаҳои мусаввирони қарни гузашта аз наздик дидан намуда, бо мактаби рассомии онҳо хубтар ошно шаванд.

Намоиш дар самти баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, сатҳи дониши қишрҳои гуногуни ҷомеа аз дирӯзи хеш ва дарки масъулияти ватандорӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Чунки ин асарҳои рассомон аз гузаштаи начандон дури ин сарзамини нотакрор қисса мекунанд.

Ҳамчунин ин осор ифодагари саҳми рассомон дар интиқоли маълумоти муҳим оид ба кору пайкор, табиат, тарзи зисту зиндагонӣ, либоспушӣ, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик аз насли дирӯз ба имрӯз мебошад. Намоиши «Эҳё» дар МД Осорхонаи миллӣ то рӯзи 30 апрели соли 2023 идома меёбад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"