image

ОҒОЗИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ «ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ» ВА «ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ»

date_range07.04.2023, 15:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye263

ш.Душанбе. 07.04.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» оғоз гардид, ки дар расми ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар роҳбарону масъулони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни озмун, омӯзгорони онҳо ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд. 

Ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз иқдомоти навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, он дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №127 аз 10 марти соли 2023 эълон карда шудааст.

Озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияҳои “Барномасозӣ”, “Меъморӣ”, “Моделсозӣ”, “Радиоэлектроника”, “Робототехника”, “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ” ва “Табиашиносӣ” доир гардида, дар назар аст ҷамъбасти он дар арафаи Рӯзи пойтахт, бо баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии ғолибони он, баргузор карда шавад.

Озмуни мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он аз рӯйи ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарафароз карда мешаванд. Инчунин ба омӯзгорони хонандагоне, ки дар озмун ғолибиятро ба даст меоранд, мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 10 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 3 000 сомонӣ барои ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ, муқаррар гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки, дар даври дуюми озмун дар маҷмуъ 929 нафар иштирок намуда, аз онҳо танҳо 89 нафарашон бо ба даст овардани холҳои мувофиқ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд. 

Ҳамин тариқ, тибқи  дархости ноҳияҳои пойтахт аз рӯйи ҳар як номинатсия, шумораи зерини довталабон барои иштирок дар даври шаҳрии озмун пешниҳод гардидаанд:
- номинатсияи «Барномасозӣ» - 14 нафар;
- номинатсияи «Меъморӣ» - 13 нафар;
- номинатсияи «Моделсозӣ» - 12 нафар;
- номинатсияи «Радиоэлектроника»  -  13 нафар;
- номинатсияи «Робототехника» - 10  нафар;
-номинатсияи «Сайёҳӣ- кишваршиносӣ» - 12 нафар;
- номинатсияи «Табиатшиносӣ» -   15 нафар.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дархости комиссияи шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷиҳати мақсаднок, озод ва шаффоф баргузор намудани он, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  мутахассисони соҳибтаҷриба, ходимони намоёни соҳаҳои илми ватанӣ ба ҳайати ҳакамони озмун шомил гардидаанд. 

Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ду руз идома ёфта, он дар маҷмуъ аз санҷиши донишҳои назариявӣ аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва муаррифии лоиҳаҳои эҷодӣ иборат хоҳад буд.
Ҳамчунин худи ҳамин рӯз дар пойтахт озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ба кори худ шуруъ кард. Дар маросими оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баромад намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору муваффақият таманно намуданд.

Озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» низ давоми ду рӯз баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби аъзои ҳакамон-омӯзгорони Донишкадаву Донишгоҳҳои ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд. 

Озмун   байни   хонандагони   синфҳои   5–8   ва   9-11-и   Муассисаҳои   таҳсилотимиёнаи умумии шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони   англисӣ   дар   ду   бахш   (назариявӣ   ва   амалӣ)   аз   рӯйи   шартҳои   зерингузаронида мешавад:- “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон);- “Эссе” (бо се забон); - “Қироати шеър” (бо се забон)- “Имло” (имлои дурусти калима дар матн);-“Тарҷума” (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ). Ғолибони даври   ноҳиявии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” дар ноҳияи Исмоили   Сомонӣ   асосан аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, МТМУ №6, №11, №53, №52, Литсейи №1, Гимназияи   ба   номи Асадулло Ғуломов, Литсейи №3 мебошад. Аз ноҳияи Шоҳмансур ғолибон асосан аз Муассисаҳои №31, №48, №21, №20, №16, Литсейи №4,   Мактаби байналмилалии “Душанбе”, Гимназияи №2 мебошад. Аз   ҳудудиноҳияи Фирдавсӣ ғолибони даври ноҳиявӣ аз Муассисаҳои №51, №42, №18, №5, №76, №28, Литсейи иноватсионии “Душанбе”, Листейи “Соҳибкорӣ”, Гимназияи №4, Гимназияи №74 мебошанд. Дар даври   шаҳрии озмуни “Забон доӣ-ҷаҳон донӣ” 12 ғолиб муайян мегардад, ки аз ин шумора 6 нафар аз гурӯҳи синфҳои 5-8 ва 6 нафар аз гурӯҳи синфҳои 9-11 мебошад.