image

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ НАВРАСОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲОИ ПОЙТАХТ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”, БАХШИДА БА РЎЗИ ПОЙТАХТ

date_range10.04.2023, 14:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye197
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 07 апрели соли 2023, №169, санаи 09.04.2023 сол мусобиқаи кӯшоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни наврасони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Одилзода Дилбар Раҳим, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷуразода Дилшод, Сардори Департаменти кўдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҳувайдо Давлатбеков, мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Олимов Ҷамшед, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод, Сардори Раёсати кор бо занони шаҳри Душанбе Зуҳурзода Зарина, директори муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе Камолов Раҳматшо, муовинони Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидов Саидҷалол, роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур 65 дастаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт дар 8 гурўҳ тақсим шуда, байни ҳамдигар бози мекунанд.
Мусобиқаи мазкур то 19.04.2023 дар майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кўдаконаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон, ҷоизадорон мукофотҳои пулли ва ба дастаҳои иштирокчиёни фаъол либоси футболи тақдим карда мешавад.