Маросими гусели 31 нафар хатмкунандагони Академияи идоракунии давлатӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели 31 нафар хатмкунандагони Академия, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар Ватан мераванд, баргузор гардид.
Дар маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода. Роҳбарият, устодону кормандон, хатмкунандагони ихтиёрӣ ва волидони онҳо, донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ иштирок намуданд.
Тавре иброз гардид, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ватандорӣ ва номуси миллӣ ба шумор рафта, тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин росто ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Имсол низ аз Академияи идоракунии давлатӣ 31 нафар хатмкунандагони курсҳои 4-ум аз ҳисоби донишҷӯёни факултетҳои идоракунии давлатӣ ва дипломатия ва сиёсат ихтиёран ба сафи Артиши миллии мамлакат барои иҷрои уҳдадории конститутсионии худ сафарбар гардиданд.
Дар идома Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни баромади худ аз ташаббусҳои Раёсат ва донишҷӯёни Академия изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки чунин фаъолнокӣ ва ташаббускории коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академия боиси ифтихору сарфарозист. Зикр карда шуд, ки муҳофизати Ватан ва марзу буми поки он барои мардуми тоҷик ва аҷдодони мо аз қадимулайём мояи ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ маҳсуб меёфт. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби шӯъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барои болидахотирии ҳозирин намоиши фарҳангӣ нишон дода шуд, ки саршори сурудҳои ватандӯстона буд.
Дар анҷоми чорабинӣ бо иҷрои анъанаи миллии «Нонгазон»-у дуои неки модарон, ки ҷавонони навдаъват минбаъд ҳомию сипари боэътимоди Ватан гарданд, онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Ҳамин тавр ҷавонон ба комисарияти ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафта, барои адои хизмати ҳарбӣ омодагии худро бори дигар нишон доданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ