Ифтитоҳи марҳилаи якуми роҳи мошингарди маҳаллаи Чортут
Дар доираи тадбирҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса ташббусҳои бунёдкории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир роҳҳои автомобилгарди пойтахт таъмиру таҷдид гардида, ҳаракати бемушкилии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр таъмин гардидааст.
8-уми апрели соли равон бо иштироки роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд марҳилаи якуми роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар масоҳати 5 киллометр мавриди истифода қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2019 ба бунёди роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут заминагузорӣ карда буданд.
Паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда, 8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ ва хати кабудизорро ташкил медиҳад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ