image

Нахустнамоиши «Ношинос 32» дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов

date_range10.04.2023, 15:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye278

Дар “Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” нахустнамоиши “Ношинос 32” манзури ҳаводорон гардонида шуд. Барои қалби бинандаи театро ба даст овардан ҳунарманд бояд ғояи асарро хуб омӯзад ва онро дар қолаби наву ҷолиб пешниҳоди бинандаҳо гардонад.

Намоишномае, ки дар “Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” пешниҳоди ҳаводорони театр гардонида шуд, дар таҳияи Ҳунарпеша Қамариддин Мирзоев аз рӯи асари Владимир Зайкин ба тоҷики тарҷума шуда рӯйи саҳна гузошта шуд.

Хати сужаи намоишномаи мазкур тамошобинро ба муҳаббату якдигарфахмӣ дар оила, муҳаббат ба зиндагӣ ва поймол намудани муҳаббат дар оила ҳидоят мекунад. Ҷанбаи дигари ахлоқии намоишномаи “Ношинос 32” дар тарбияи насли ҷомеа нақши созгор гузоштан буд, ки бининадро ба сӯи худ ҷалб мекард. Нақшҳоро руйи саҳнаи театр ҳунармандони шинохта аз қабили Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдумуъмин Шарифӣ, Фариддун Раҷабов, Зарина Бадалова ва Марҳабо Файзиева иҷро намудаанд.

Бояд гуфт, ки ҳунармандон мудатти як сол рӯи ин намоишнома кор карда, тавонистанд диқати тамошобинонро ба худ ҷалб намоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"