image

Озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри орзуҳо» ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range11.04.2023, 10:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye363

Ҳамасола дар кишвари мо шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ноҳияҳои шаҳр даҳҳо чорабиниҳои маърифативу озмунӣ ва сабқатҳои зеҳнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки озмуни расми беҳтарин миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз ҷумлаи он мебошад.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ ин тадбири маърифатӣ дар заминаи Коллеҷи рассомии ҷумҳуриявӣ ба номи Мирзораҳмат Олимов ташкил гардид. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар раванди тадбири ҳунарӣ ширкат намуда, доир ба аҳмияти ин сана ва ташкили озмун андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳо бо мақсади ҳавасмангардонии хонандагони фаъол ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои эҷодӣ ташкил гардидааст.

Озмуни расми бехтарин дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри орзуҳо» дар ноҳияи Фирдавсӣ дар заминаи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби масъулини сохторҳои ноҳиявӣ, аз ҷумла Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ созмон дода шуда, хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ дар он ширкат намуданд. Дар ҷараёни озмуни мазкур хонандагон бо маҳорати воло зебоиҳои шаҳри Душанберо тасвир намуданд.

Дар идомаи озмуни расм дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри орзуҳо», ки дар ноҳияи Фирдавсӣ гузаронида шуд, ғолибону ширкатдорони фаъоли он аз ҷониби масъулин қадрдонӣ гардиданд. Ин иқдом ҳавасмандии бештари онҳоро ба эҷоди расм ва тавсири зебоиҳои кишвар таъмин менамояд.

Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"