Баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Инъикоси таърих ва тамаддуни ориёӣ дар китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғафуров»
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили доимоамалкунандаи ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Инъикоси таърих ва тамаддуни ориёӣ дар китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғафуров» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, доктори илмҳои таърих, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Қаҳҳор Расулиён, роҳбари маҳфили ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, аъзоёни маҳфил ва донишҷуёни ин муассисаи таълимии олӣ иштирок намуданд.
Зимни баромади ширкатдорон таъкид шуд, ки мутобиқи банди 3-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат» бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш профессор Қаҳҳор Расулиён ба сухан баромада, вобаста ба аҳамият ва нақши озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон ибрози ақида намуд. Нобурда омузиши таърихро яке аз василахои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогохии миллиӣ арзёбӣ намдуд. Таърих тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос қарор дода барои насли имрӯз дасри ибрат аст. Яке аз асархои нодири илмӣ, ки таърихи халқи тоҷикро ба таври хеле барҷаста инъикос менамояд, “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиёни дигари ҳамоиш вобаста ба зарурияти омӯхтани таърихи пурғановати тоҷик аз ҷониби ҷавонон ибрози ақида намуданд. Қайд гардид, ки ҷавононро мебояд, ки китоби мондагони “Тоҷикон”-ро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватан ва миллат талош намоянд.
Инчунин, зимни ҳамоиш роҳбари маҳфили доимоамалкунандаи ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар доираи иҷрои амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли 2023 баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» маҳфили доимамалкунандаи “”Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат» дар назди корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон” ва ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” таъсис дода шудааст.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ