Мулоқоти намояндагони МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони шаҳраки 63 дар МТМУ №42
Тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтиром бар арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободониву тозакорӣ ва тақвияти фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи мақсадҳои ташкили чорабинии маърифатӣ бо сокинони шаҳраки 63 буд, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ созмон дода шуд.
Дар ин тадбир намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини сохтору бахшҳои марбутаи ноҳиявӣ ширкати фаъол доштанд ва бо сокинон мулоқоти судманду созандаро анҷом доданд. Дар раванди ҳамоиши маърифатӣ масъулони сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ баромад намуда, андешаҳои худро дар масъалаҳои муҳими рӯз, ки марбут ба сокинон аст, баён доштанд.
Маданияти шаҳрнишинӣ ва риояи одоби он вазифаи ҳар як сокини пойтахт аст.
Маданияти либоспушӣ низ аз ҷумлаи мавзӯҳои баррасишуда дар ин мулоқот буд. Зикр шуд, ки либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ карда, бо тарзи дӯхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба кулли тафовут дорад ва як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Инчунин, зимни чорабинии маърифатӣ масъалаи пешгирии пошхӯрии оилаҳо, устувор нигоҳ додани фарҳанги оиладорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳандӯстӣ ва пешгирии майли онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мариди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ