Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ
Дар толори Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» доир гашт, ки дра он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Шуъбаи маорифи ноҳия ва ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» иштирок намуданд.
Дар вазъияи тантанавӣ ба ба 12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур, ки дар даври ноҳиявӣ фаъолнокӣ нишон додан, диплом ва мукофотҳо тақдим гардида, ҳамзамон ба омӯзгорон низ сипоснома ва маблағҳо супорида шуд.
Қайд шуд, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба забондон гардидани насли наврасу ҷавон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ бо иштироки намояндагон, ғолибони даври ноҳиявии озмун ва падару модарони хонандагон маросими ҷоизасупорӣ доир гашт. Тибқи низомнома озмун дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои муайян гузаронида шуда беҳтаринҳо аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба даври шаҳрии Озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» роҳхат гирифтанд. Ҳамин тавр ба тамоми ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ диплом ва туҳфаҳои молӣ тақдим шуд.
Дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» 12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейу гимназияҳои ҳудуди ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки ба ҳар яки онҳо дар вазъияи тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим шуд. Инчунин дар доираи ташаббусҳои ҳавасмандагрдонӣ як қатор омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ падару модарони хонандагон низ сипосномаҳо сурпорида шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ