image

Боздиди хонандагон аз Маркази касбомӯзии калонсолони ҷумҳурӣ

date_range12.04.2023, 11:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе боздиди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар Маркази касбомӯзии калонсолони ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур ҷиҳати фаро гирифтани сокинони пойтахт, бахусус наврасону ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва таблиғу ташвиқи он миёни ҷавонон ва баҳри татбиқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, касбу ихтисосҳои замонавии ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир ва фарогирии ҳарчи бештари дастрасии духтарон ва занон ба таҳсил, зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тақвияти малакаҳои касбии онҳо ва бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ дар заминаи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъсис додани бахшҳои ҳунарҳои мардумӣ ва тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти онҳо сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки дар Маркази касбомӯзии калонсолони Тоҷикистон мутахассисон аз рӯи 66 ихтисос ба касбомӯзон дарс мегӯянд. Дар ин рӯз хонандагон аз қитъаи кафшергарии барқию газӣ, таъмири асбобҳои барқӣ, ороишгари мӯй, рӯй, нохун, қанноди бофанда ва дигар намуди ҳунарҳое, ки дар бозори меҳнат талабот ба он бисёр аст дидан карда, ба худ як таасуроти нек бардоштанд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин ҷалб ва фарогирии бештари насли ҷавон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосири меҳнат мутобиқ ва дарёфти кор дар бозори меҳнат ва ҳамзамон ба ин васила пешгирӣ намудани онҳо аз ҳар гуна кирдорҳои номуносиби ҷомеа мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"