image

Саёҳати тарбиятгирандагони Литсейи касбӣ-техникии махсуси ш.Душанбе аз мавзеъҳои таърихӣ ва истироҳатии пойтахт

date_range12.04.2023, 11:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye193

Тарбиятгирандагони МД Литсейи касбӣ-техникии махсуси ш.Душанбе бахшида ба «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сайёҳат ҷалб шудаанд. Ин тадбир аз тарафи КИ ҲҲДТ дар н.Шоҳмансур ташкилу роҳандозӣ гардид.

Нахуст ҳайати иштирокчиён тавассути хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ҳаракат намуда, ба майдони Дӯстии пойтахт расиданд. Ширкатдорон дар ин ҷо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро дидан намуданд. Инчунин дар ҳамин радиф боздиди гурӯҳи мазкур аз боғи устод Рӯдакӣ низ ба роҳ монда шуд.

Сипас, тибқи барномаи боздид ва хатсайри муайяншуда гурӯҳи мазкур ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз ёдгориҳои таърихие, ки дар ин макон ҷамъоварӣ карда шудаанд ва бозгӯйкунандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд, дидан намуданд.

Сипас, тарбиятгирандагон барои тамошои филми ҳунарӣ ба МД киностудияи «Тоҷикфилм» раҳсипор гардиданд. Дар киностудияи «Тоҷикфилм тарбиятгирандагон филми коргардони шинохтаи тоҷик Муҳаббат Сатториро зери унвони «Бархез Модар»-ро тамошо намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"