Боздиди хонандагони таълимгоҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз Осорхонаи мардумшиносии Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон
Дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе” саёҳати таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мақсади огоҳии наврасону ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва маконҳои сайёҳии пойтахти кишвар ва дар ин замина дар онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Ин навбат тарбиягирандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди н. Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз Осорхонаи мардумшиносии Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон дидан карданд. Зимни боздид аз маҷмаа тарбиягирандагон доир ба таъриху фарҳанг ва тамоми дастовардҳои миллати тоҷик дар тули таърих маълумоти амиқу муфассал гирифта, аз зебоиҳо ва рушду тараққиёти пойтахти кишвар ошнои пайдо намуданд.
Осорхонаи мардумшиносӣ соли 1981 бунёд шудааст. Дар он зиёда аз 10 000 намунаҳои анҷому либоси қадимаи хонаводагии мардуми Тоҷикистон барои тамошобинон гузошта шудааст. Дар байни нигораҳои Осорхонаи мардумшиносӣ ороишоти занонаи охири асри ҳаждаҳум, коллексияи нассоҷӣ ва либоси марбут ба асри нуздаҳум, намунаи силоҳҳои ҷангии садаи мазкур маҳфуз мондаанд. Осорхонаи мардумшиносӣ аз чаҳор қисмат иборат буда, фарҳанги анъанавии тоҷикони шимоли мамлакат, ҷануби кишвар, Тоҷикистони марказӣ ва фарҳанги анъанавии тоҷикони Бадахшонро фаро гирифтааст.
Тавре масъулини шуъбаи сайёҳии МИҲД-и ш.Душанбе иттилоъ доданд, чунин саёҳатҳо бо иштироки наврасону ҷавонон идома дода мешаванд.
Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ