image

Таҷлили Рӯзи пойтахт дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №8

date_range12.04.2023, 12:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye239

Ҳамасола Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо шаҳомати хосса қайд карда мешавад. Дар ин баробар масъулин муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳр чорабиниҳои маърифатию фарҳангиро доир менамоянд, ки барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинон, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи шаҳрдӯстӣ ва баланд бардоштани масъулияти сокинони пойтахт, бахусус наврасону ҷавонон мусоидати фаъол менамояд.

Чунин чорабинии маърифатифу фарҳангӣ дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и ноҳияи Исмоли Сомонӣ низ баргузор шуд. Тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабии шаҳри Душанбе бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ Рӯзи пойтахтро қайд намуданд.

Тарбиятгирандагони муассиса бо роҳнамоии мураббиёни худ барномаи хуби фарҳангиро пешниҳоди ҳамсолони худ намуданд, ки он иборат аз рақсу сурдҳои ҷолиб, қироати шеърҳо дар васфи шаҳри зебои Душанбе ва саҳначаҳои тарбиявӣ буд. Хурдсолон бо эҳтироми хосса ва самимияти зиёд доир ба васфи Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри дилорои Душанебе шеърҳоро аз ашъори шоирони муосир қироат намуданд, ки хеле ҷолиб буд.

Мардонов Қандил
ТВ "Душанбе"