Ҳамоиш ба муносибати 80-солагии шоири маъруф Султон Шоҳзода
Дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии шоири маъруф Султон Шоҳзода нишасти илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Дар нишаст роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибон, шоирону нависандагон, пайвандон ва дигар дӯстдорони шеъри ноби тоҷикӣ ҷамъ омада шоири бузурги тоҷик шодравон Султон Шоҳзодаро ёд карданд.
Таъкид шуд, ки Султон Шоҳзода аз ҷумлаи шоироне буд, ки дар қарни гузашта дар майдони адабиёти муосир баъди Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор дар сафҳои аввал қарор дошт. Ӯ лириканависе буд, ки шеърҳои ба соддагӣ, вале бо як мазмуни баланд баёншудааш зуд дар дилҳо ҷойи худро меёфтанд. Султон Шоҳзода хеле зуд, дар синни 52 –солагӣ аз ҷаҳон рафт.
Бояд гуфт, ки маҷмӯаҳои таълифнамудаи Шоир «Чашмаи Носир» (1975), «Ману борон» (1982), «Ошёни уқоб» (1985), «Сояи Кӯҳ» (1986), «Парандаи кабуд» (1989), «Афсонаи баҳор» (1994)-буда дар байни дӯстдорони адабиёту фарҳанги тоҷик ҳаққи султонии ҷовидона доранд. Султон Шоҳзода беҳтарин вассофи Ватани азизи мо, манзараҳои дилрабои Тоҷикистон, дӯстию рафоқат ва Инсони Олӣ буд.
Қандил Мардонов
ТВ "Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ