Ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” қадрдонӣ гардиданд
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм яке аз озмунҳое дар пойтахт мебошад, ки дар баробари озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри боз ҳам сайқал додани донишу малакаи хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт роҳандозӣ гардидааст.
Инак, аз ҷониби масъулину сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ дар толори Гимназияи №74-и ноҳия даври ноҳиявии он ҷамъбаст гардида, ғолибон ва устодони онҳо қадрдонӣ гардиданд. Пеш аз тақдими туҳфаҳо ба ғолибони озмуни мазкур масъулини ноҳия зикр намуданд, ки бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар пойтахт миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ ғолибони даври ноҳиявии ин озмун, ки 21 нафар буданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадр шуданд.
Бино ба иттилои масъулини соҳа дар даври ноҳиявии озмун 84 нафар ширкат намуданд, ки аз миёни онҳо 21 нафар ба даври шаҳрии озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” роҳ ёфтанд. Дар идомаи ҳамоиш инчунин 21 нафар омӯзгорони Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия аз ҷониби масъулин қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ