Қадрдонии ғолибони даври ноҳияии озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар ноҳияи Шоҳмансур
Масулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амалии бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пайваста чорабиниҳои гуногунро дар ин самт амалӣ менамояд, ки намунаи равшани он озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» мебошад.
Даври ноҳиявии озмун дар ноҳияи Шоҳмансур дар сатҳи зарурӣ давоми рӯзҳои 29 ва 30-уми март гузаронидада шуд. Озмуни мазкур миёни хонандагони синфҳои 9-ум ва 11 -уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои математика. (арифетика, алгебра, геометрия), физика (астрономия), химия, биология (ботаника, зоология. анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ дар ду шарт назариявӣ ва амалӣ аз руйи 7 номинатсия: барномасозӣ, меъморӣ, моделсозӣ, радиоэлектроника, робототехника, сайёҳӣ- кишваршиносӣ ва табиатшиносӣ гузаронида шуд.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина дар интихоби касби наврасон мусоидат хоҳад кард.
Санаи 12 апрел дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур бо ибтикори сохтору мақомоти марбутаи ноҳиявӣ маросими қадрдонии даври ноҳиявии озмунии шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар арафаи рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он ғолибони озмун ширкат варзиданд.
Дар рафти баргузории ин чорабинӣ масъулини ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда, иштирокдорон ва ғолибонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур шодбош гуфтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар озмун 21 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ноҳияи Шоҳмансур ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд. Ҳамаи ғолибони даври ноҳиявӣ бо мукофотпулӣ ва диплом вобаста ба мақоми сазоворгаштаашон аз чониби масъулин қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамзамон ба омӯзгорон ва волидони ғолибон, ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбия фарзандон ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ва ширкати онҳо дар озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷойи таъкид аст, ки дар озмуни мазкур дар ҳар давр то 3 ҷой барои ғолибон муайян шудааст. Ғолибони ҳар бахш дар алоҳидагӣ қадрдонӣ шуданд.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ