Мулоқоту вохӯрии судманд вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ бо ширкати кормандони соҳаи маориф
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбута барои соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои давраи то соли 2030 ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи пойтахт мулоқот баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе, роҳбарият, омӯзгорон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ ширкат намуданд.
Аснои баргузории мулоқоти фаҳмондадиҳии кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе роҷеъ ба роҳу василаҳои пешгирии коррупсия, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб, бетараф набудан ҳангоми бархӯрдан бо омилҳои коррупсионӣ ибрози андеша карда шуд.
Дар раванди мулоқот масъулини Сарраёсати маорифи шаҳр, масъулини сохторҳои он ва муассисаву атшкилоти ин бахш ширкат намуданд. Кормандони Агентӣ зимни таҳлили вазъият оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, аҳли нишастро даъват карданд, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд.
Вохӯрӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) роҳандозӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ