Ҳамоиши ҳизбиёни шаҳр ба муносибати Рӯзи пойтахт таҳти унвони “Душанбе-меҳвари ташаббусҳои созанда ва пойтахти сулҳу ризоият”
Дар толори калони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Душанбе-меҳвари ташаббусҳои созанда ва пойтахти сулҳу ризоият” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, олмиону донишмандон, адибони кишвар, намояндагони муассисаи олии таълимӣ, роҳбарони сохторҳои ҳизбии пойтахт, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат намуданд.
Зимни баромади ширкатдорон гуфта шуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳошияи дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар марҳала ба марҳала ба сифати яке аз шаҳрҳои пешрафта дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, мавқеъ ва нуфузашро рӯз то рӯз фаррохтар намуда истодааст.
Дар идомаи чорабинӣ ширкатдорони дигари он вобаста ба ободонӣ ва дастовардҳои назарраси қалби поку муқаддаси Тоҷикистон-шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.
Дар идома гуфта шуд, ки бо ибтикори роҳбарияти кишвар дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе даҳҳо маротиба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор шуданд. Дар ин гуна ҳолатҳо мардуми ҷаҳон шоҳиди мизбонии беҳтарини Душанбе шудаву аз шеваи ободкорӣ, меҳмондорӣ ва ташкилотчигии тоҷикон болидахотир гардидаанд. Ин ҳама тадбирҳо шукуҳи шаҳри моро таъмин намудааст ва ихтисос додани рӯзи махсус ҳамчун Рӯзи пойтахт низ ба ин хотир аст.
Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои дурбинона ва созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе дар марҳилаи дуюми рушд қарор дошта, тайи чанд соли охир бо бунёди иншоотҳои муосир симои пойтахт куллан тағйир ёфтааст.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ