image

Боздиди хонандагони ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур аз Осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода

date_range13.04.2023, 11:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye212

Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздиди хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахти мамлакат идома дорад. Вобаста ба ин, боздиди хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз Осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода сурат гирифт.

Зимни боздид аз осорхонаи мазкур хонандагон аз ҳаёту фаъолият, асарҳо ва хизматҳои фаромӯшнашавандаи устоди зиндаёд - Мирзо Турсунзода аз наздик ошноӣ пайдо намуда, маълумоти амиқу муфассал гирифтанд.

Бояд гуфт, ки Осорхонаи адабӣ- ёдгории Мирзо Турсунзода соли 1981 дар рӯзҳои ҷашни 70-умин солгарди шоир барои тамошобинон кушода шудааст. Дар даромадгоҳи Осорхона мизи кории Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода гузошта шудааст, ки он аз китобҳо, медалҳо, телефони корӣ ва дигар ашёе, ки худи шоир дар зиндагиашон истифода намудаанд, иборат мебошад.

Ёдовар мешаваем, ки чорабинии мазкур дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе” ташкил карда шуд, ки мақсад аз он огоҳии наврасону ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва маконҳои сайёҳии пойтахти ҷумҳурӣ ва дар ин замина дар ботини онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"