image

Таҷлили Рӯзи пойтахт дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №121 ва №45

date_range13.04.2023, 11:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №121-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе машғулияти кушод ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти кӯдакистон ва тарбиятгирандагони он ширкат варзиданд.

Бо сурудани шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 121-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ барномаи фарҳангии худро оғоз намуданд. Дар ин маҳфили зебо тарбиятгирандони гурӯҳи калони омодагӣ ба мактаб ва масъулини кӯдакистон иштирок намуданд. Зимни машғулият қайд шуд, ки шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт ҷалб намуда истодааст. Шаҳр ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, тули солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфт ва дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.

Шаҳри Душанбе дар мавсими баҳор ва тобистони соли равон воқеан ба гулистони сарсабзу хуррам табдил гардидааст, ки ҳамаи ин аз заҳмату талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бозгӯӣ месозад. Сипас дар иҷрои тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 121-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шеърҳо дар васфи Душанбешаҳр қироат гардид.

Тарбиятгирандагони Кӯдакистони №45 - низ бо истифода аз фурсати муносиб Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо доир намудани маҳфили зебо таҷлил намуданд. Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан ба ҳусни он таровати тоза зам гардид.

Тарбиятгирандгони кӯдакистон бо иҷрои рақси гурӯҳи зерини танини сурдҳо ба маҳфили идонаи ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии оҷикистон шукуҳи дигар бахшиданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахт тасдиқ гардида буд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"