image

Дар Литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт чорабинии идона доир шуд

date_range13.04.2023, 15:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye264

Қабл аз шуруъи чорабинӣ дар саҳни литсей намоиши расмҳо, ки аз ҷониби хонандагон тасвир ёфта буд гузошта шуда буд, ки минтақаҳои гуногуни Душанбешаҳрро инъикос менамуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ хонандагон вобаста ба шаҳри Душанбе ва маконҳои таърихию сайёҳӣ дар он маълумтҳои пурмуҳтаво доданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки шаҳри Душанбе то ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидан гарчанде, ки мақоми шаҳрро надошта, танҳо аз чанд хонаи деҳотӣ ва мавзеи баргузории бозори ҳафтаина иборат буд, вале мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои бостоншиносӣ, дорои таъриху тамуддуни бою ғанӣ мебошад. Ҳарчанд ки оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри бист рост ояд ҳам, ин мавзеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофияш ҳамчун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басе тӯлонӣ дорад.

Пойтахти азизамон–шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати мамлакат ва азму талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоиста пайдо карда, дар айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст, таъкид гардид дар идомаи чорабинӣ.

Ин аст, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад. Бояд гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахт тасдиқ гардидааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"