image

Баргузории Фестивали мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри Зебои ман»

date_range13.04.2023, 15:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye243

Дар доираи Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» дар толори Мактаби бачагонаи мусиқии №1 ба номи Пётр Илич Чайковскийи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри Зебои ман» баргузор карда шуд.

Дар Фестивали мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони раёстаи фарҳанги шаҳри Душанбе ва дигар нафарон ширкат намуданд. Дар доираи фестивал таълимгирандагони тамоми мактабҳои мусиқии ҳудуди пойтахт ширкат варзида, бо доир намудани як барномаи зебои консертӣ хотири иштирокдоронро шод гардониданд. Дар Фестивал дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе низ иштирок намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола бо фарорасии Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе Фестивали мактабҳои мусиқӣ гузаронида мешавад.

Фестивал аз рӯи чанд бахш гузаронида шуд, ки навозиши асбобҳои нафасӣ, иҷрои асбобҳои зарбӣ, иҷрои суруд ва оҳанг тавассути асбобҳои мусиқавӣ, аз ҷумла фортепиано аз шумули бахшҳои Фестивали мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри зебои ман» дониста мешуд.

Дар ҷамъбасти фестивал ғолибон бо ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"