Натиҷагирӣ аз фаъолияти иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар семоҳаи аввали соли 2023
Бо мақсади натиҷагирӣ кардан аз фаъолияти иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Шоҳмансур дар семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои минбаъда, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Шоҳмансур ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндагон аз КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур, аъзои кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии н.Шоҳмансур, аъзои Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аз рӯи рӯзномаи он гузориши раиси Коммиссияи доимӣ оид ба таҳлил, омӯзиши афкори омма, кор бо матбуот, тарғибот ва фарҳанг оид ба фаъолияти Комиссисия дар давраи моҳи марти соли 2022 то моҳи марти соли 2023 шунида шуд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оид ба тақвият бахшидани фаъолияти таблиғотӣ-ташвиқотӣ ва корҳои дохилиҳизбӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ масъалагузорӣ карда шуд. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома дар бораи дастгирии маъюбон ва табақаи ниёзманди аҳолӣ ибрози андеша карда шуд. Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома бошад пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳавзаи интихоботии рақами 24 ба ҷойи вакили хориҷшуда пешниҳод карда шуд.
Дар маҷлис иштирокчиён баромад карда, оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ, фаъолияти дохилиҳизбӣ ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, риоя намудани одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҳизбӣ ба масъулину кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо дод. Оид ба масъалаҳои пешниҳодгардида ва баррасишуда бо дастгирии аъзои кумита қарорҳои дахлдор қабул ва тасдик гардиданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ