Ба ифтихори Рӯзи пойтахт таҳти унвони «Душанбе-шаҳри дилҳоӣ!» ҳамоиши ҲХДТ дар н.Сино доир гардид
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, таҳти унвони «Душанбе-шаҳри дилҳоӣ!» ҳамоиш доир гардид.
Дар чорабинии навбатӣ меҳмон аз як қатор кумитаву сохторҳои давлатӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, Собиқадорони соҳа ва аъзоёни фаъоли ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози чорабинии навбатӣ Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сино сухан карда қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебову диданӣ табдил ёфтааст.
Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии бевоситаи сокинони пойтахт корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада иброз доштанд, ки таҷлили Рӯзи пойтахт танҳо ҷашни сокинони пойтахт нест, балки ҷашни тамоми тоҷику Тоҷикистониён аст. Зеро шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ