image

Саёҳати намояндагони КИ ҲХДТ ва хонандагон ба Осорхонаи адабии ёдгориҳои устод Садриддин Айнӣ

date_range14.04.2023, 11:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye202

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 145-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ намояндагони кумитаи шаҳрии ҳизб ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт аз Осорхонаи адабии ёдгориҳои устод Садриддин Айнӣ дидан намуданд.

Нахуст, роҳбарияти кумитаи шаҳрии ҳизб суханронӣ намуда, моҳияти ташкил ва баргузории боздидро фаҳмонида иброз доштанд, ки устод Садриддин Айнӣ барои пойдории халқи тоҷик ва дигарбора эҳё намудани Тоҷикистон ҳамчун давлат дар хатираи ҷуғрофии ҷаҳон заҳматҳои зиёд намуда, заминаи воқеӣ гузоштааст. Маҳз талошҳои бесобиқаи Садриддин Айнӣ буд, ки имрӯз мо-тоҷикон ва забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносанду эътироф месозанд.

Сипас, хонандагон аз асарҳои мондагори Садриддин Айнӣ ва мероси пурғановати ӯ ёдовар шуда, вобаста ба ҳар як асар фикру ақидаҳои хешро иброз доштанд.

Дар зимн бо роҳбаладии намояндаи Осорхона намояндагони кумитаи шаҳрии ҳизб ва толибилмон аз ёдгориҳои нодири осорхона аз ҷумла, асар ва дастхатҳои нодир, китобҳои таълифшуда, асбоби чопкунӣ, мизу курсӣ, ҷузвдон ва дигар нигораҳои аҳамияти таърихидошта дидан намуданд.

Зимни боздид гуфта шуд, ки устод Садриддин Айнӣ солҳои охири умри хешро дар ин хона сипарӣ намуда, ба таълифи асарҳои мондагор машғул буд. Пас аз марги ӯ 15-уми апрели соли 1978 дар арафаи 100-солагии устод, хона-музей бунёд гардидааст. Ин осорхонаи нодир аз 4 толори барҳаво иборат аст, ки ҳар яки он таърихи худро дошта аз ҳаёту фаъолияти устод Садриддин Айнӣ бозгӯӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки чунин боздид ва вохӯриҳо дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҳисси меҳанпарастӣ ва илмомӯзиро тақвият бахшида, эшонро ба омӯзиши мероси ниёгон ва роҳи ватандӯстӣ раҳнамун месозад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"